Сангфаршкунӣ дар деҳаи Саъдуллои Шариф

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои роҳандозӣ намудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳама баҳри созандагиву бунёдкорӣ, ободониву зебогии кишвари азизамон равона гардидааст ва ин ташаббусҳо аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуда, дар амал татбиқ мегарданд. Саршавӣ аз оғози фасли зебои сол, баҳори некқудум сокинони ноҳияи Восеъро водор сохт, то ташаббусу бунёдкориро пешаи худ қарор диҳанд.Сокинони деҳаи Саъдуллои Шариф, ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ тасмим гирифта, роҳи деҳаи худро сангфарш намуданд. Дар ин амали хайр ҳама бошандагони кӯча ширкат намуда, сангрезаҳоро тариқи дастӣ дар роҳ ҳамвор намуда, саҳми муносиби хешро дар ин амали хайр гузоштанд.Сокинони деҳаи номбурда иброз намуданд, ки омода ҳастанд дар чунин ташаббусҳо фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар корҳои ободонию бунёдкорӣ ва барои боз ҳам беҳтар намудани симои деҳот гузоранд.