КӮМАК БА ОИЛАИ НИЁЗМАНД – ДАР АРАФАИ ИДИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад. Аз рисолати инсонист агар шахс як эҳтиёҷманд ё маъюбро дар ҳолати нороҳатию афсурдагӣ бинад, ӯро хурсанд ва эҳсоси маъюбиро аз ӯ дур кунад. Бо пуштибонӣ аз сиёсати инсондустонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Шарифи Рамазон мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Неъматзода Фарзона ва масъулини ҳизбӣ ба аёдати як оилаи ниёзманд, истиқоматкунандаи деҳаи Кадучӣ, Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳия рафта, ба ӯ кӯмаки молиявӣ расониданд.

Ҳамзамон аёдатшуда миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд, ки эҳтиёҷмандони ниёзмандон, маъюбону барҷомондагон доимо зери таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат қарор доранд ва пайваста дастгирӣ меёбанд.