БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болои ҳизбӣ ҷиҳати коҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ, тозаю зебо кардани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, рангу бор намудани биноҳои ҷамъиятиву хусуси аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии "Садоқат"  аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созанаву бунёдкор!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур аъзоён фаъолона ширкат варзида, дар назди бинои ташкилоти ибтидоӣ зиёда аз 150 адад гулҳои мавсими шинонида шуд, ки ба ҳусни бино ва маркази ноҳия зебогии хосса мебахшанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия гузаронида мешавад.