САНГФАРШ НАМУДАНИ РОҲҲОИ ДЕҲАВУ МАҲАЛЛАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ҲАЁТИ НАВ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси навбатии  мардуми Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав таъмиру азнавсозии роҳи  деҳаи Алишер Навоӣ мебошад, ки бо як дилгармӣ ва дастаҷамъона ба ҳашар баромада, баҳри истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои дохилии деҳаҳоро дар масофаи  зиёда аз 1,5 киллометр роҳи миёни деҳаро сангфарш намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар рафти ҳашари дастаҷамъонаи мардуми сарбаланди Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Мардуми ҷамоати мазкур ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гушаи Ватан, яъне деҳаи худ ҳамеша саҳмгузор ҳастанд. Ҳамин ташаббускории онҳо ҳаст, ки имрӯз кӯчаҳои деҳа чароғон гардида, деҳа ҳамчун рамзи  меҳр ба диёру маҳал доштан насб гардидааст. Чунин иқдомҳои созандагӣ боз ҳам дар деҳаҳои мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаҳо идома дорад.