Ҳашари дастаҷамъона дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Воесъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони меҳнатдӯсту савобҷӯи ноҳияи Восеъ пайваста баҳри ободӣ, зебогӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош менамоянд ва чунин шахсон шостаи таҳсину намунаи ибрати дигарон мебошанд.

Иқдоми неке, ки раиси ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ пеш гирифтааст аз иқдомҳое мебошад, ки баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардуми деҳа нигаронида шудааст. Мавсуф бо ёрии сокинони меҳнатқарини деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона барои гузаронидани оби полезӣ аз деҳаи Селбур ба деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти номбурда саҳми муносби хешро гузоштанд.