АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ЗЕРИ УНВОНИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №17

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони "Соати сиёсӣ" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки намояндагони ҳизби ноҳиявӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия ин амалиёт баргузор гардид.

Зимни баргузории амалиёти мазкур масъулин оид ба вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ, баланд бардоштани  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ ва иғвоангез,  вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар иброз андеша намуданд.

Дар фарҷом аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои даврони Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ  вазифаи ҷонии ҳар яки мо  мебошад ва моро зарур аст, аз ҳар рӯза дида бештар  масъулият  эҳсос намоем.