ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМ ГУЗОШТАН ИБОДАТ АСТ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Холов Нусратулло ва ҳамсараш Убайдова Гулнигор сокинони деҳаи Савдаи Ҷамоати деҳоти Кангурт бо мақсади адои ҳаҷи Умра як миқдор маблағро пасандоз намуда буданд.Баъд аз баромади Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва  хадамоти дини кишвар ивази андеша намуда ба худ тасмим гирифтанд, ки барои таъмини оилаи худ ва чанде аз ҳамдеҳагон аз масофаи 3,5км тавассути қубурҳои пластикӣ оби чашмаеро кашонанду мушкилеро осон намоянд  Чуноне, ки аз гуфти онҳо маълум гашт акнун аз мулоқоти Президенти кишвар барояш маълум гашт, ки Умра қарзро соқит намекунад ва нафари ба Умра рафтаро Ҳоҷӣ гуфтан ҷоиз нест.Дар яке аз ҳадисҳо омадааст, ки беҳтарин инсон касест, ки ба мардум нафърасон аст. Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на зиёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояву ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамояд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд.

    Онҳо қаноатманд аз онанд, ки бо ин амалашон савоби бештареро аз худ намудаанд.

Халқ донад ҳаст се кори савоб.

Авалан сардоба баъдан осиёб.

В-он дигар дар роҳ пул андохтан аст.

Мушкилоти халқ осон  кардан аст.