ИҚДОМИ ЭКОЛОГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОЗАГИЮ ОЗОДАГӢ МАРОМИ МОСТ”

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳрак, Раиси ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара Шамсуллоев Раҷабалӣ бо мақсади иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми экологӣ таҳти унвони “Тозагию озодагӣ мароми мост” дар гирду атрофи бозори Каёнуш  тоза намудани қурбуру заҳбурҳо,  иқдоми экологӣ  гузаронида шуд.

 Ҳадаф аз омода намудани ин иқдом тоза нигоҳ доштани каналҳои обгузар ва ба ҳусни ноҳия ҳусни дигар зам намудан аст. Имрӯз қисми зиёди ин партовҳоро  зарфҳои пластикӣ ташкил медиҳанд. Бештари онҳо дар дохили ҷӯйбор ва каналҳои обгузар партофта мешаванд. Ин бешубҳа, аз дониши хуби  экологӣ надоштани ин гуна шаҳрвандон дарак медиҳад, ки қонунҳои экологиро риоя накарда, табиатро бо  дастони худ ифлос мекунанд. Мақсад аз ин ҳашар ҷалб намудани таваҷҷуҳи сокинон ноҳия  ба тозаю озода нигоҳ доштан  мебошад.