"ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!"

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии бонувону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирӣ аз тамоюлҳои бегонапарастӣ дар ноҳияи Данғара, аксия таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем!" баргузор гардид.
Боиси ифтихормандист, ки либоси миллӣ яке аз рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст ва дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардаасту минбаъд низ гум нахоҳад кард.
Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб меёбад.
Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарастии мардуми покнажоди тоҷик аст. Ба бар намудани либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият аст.
Дар расмҳо бонувону гулдухтарони зебои ноҳияи Данғара