ГУЛШИНОНӢ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба кишвари сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва аъзоёни ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ баргузор карда мешавад.

Чунин ташаббус имрӯз бо иштироки раис ва кормандони Кумитаи иҷроия баргузор карда шуд. Ин навбат дар назди бинои Кумитаи иҷроия зиёда аз 500 адад гулҳои мавсимии хушрангу зебо ва 20 адад гули садбарг шинонида шуд, ки ба ҳусни бино ва маркази ноҳия зебогии хосса мебахшанд.