ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗОНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълимии барои хонандагони  болаёқати шаҳри Кӯлоб 11.03.2024 бо иштироки Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон хониши сиёсӣ доир гардид.

Нахуст Муҳаммадҷон Зулфов  ба сухан баромада қайд кард, ки Пешвои миллат гуфтааст: “Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз гуруҳҳои тундрав сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”. Дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад