Баргузории соати сиёсӣ дар МТМУ-и №37

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи  тақвими амалиёти муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва маориф дар ҳудуди вилояти Хатлон  дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик соатҳои сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи ҳар моҳ гузаронида мешавад, баргузор шуд. Чунин соати сиёсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37  гузаронида шуда, дар он шахсони донишманду соҳибобрӯ, вакилони мардумӣ ва омӯзгорони  соҳибтаҷриба вобаста ба  вазъи кунунии Тоҷикистон ва ҷаҳон,  сиёсати  давлатии ҷавонон истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ,   пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ , тарғиби тарзи ҳаёти солим андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба амалҳои неку созанда даъват карданд.