АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ, ободу зебо гардонидани роҳи маркази ноҳияи Кӯшониён, ки таҷассумгари симои ноҳияи зебоманзарамон мебошад, бо маром ҷараён дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамвора корҳои ободониву хуррамгардонӣ, гулзорнамоию асфалтпӯшкунӣ, рангу бори кӯчаҳо ва дигар тадбирҳои зарурӣ дар рушду пешрафти маркази маъмурии ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст. Бо ин мақсад кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳашари тозакорию ободониро дар роҳи маркази ноҳия ва дар назди биноҳои корӣ низ роҳандозӣ намуданд. Тазаккур бояд дод, ки масири ободонӣ дар ин самт бо маром идома дорад.