ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН” ДАР АМАЛ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро пайваста миёни қишрҳои гунонгуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.Дар Муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии №28-и ноҳияи Восеъ дар доираи ташаббуси “Мактаби ман” корҳои ободонӣ ва аз таъмири синфхонаҳо идома дорад. Бо ташаббуси Гулов Зайдулло як гурӯҳ собиқ хатмкунандагони муассисаи таълимии №28-и ноҳия, ки соли 2009 муассисаи мазкурро хатм карда буданд, иқдом гирифтанд, ки як синфхонаи муассисаро, ки дар он ҷо синфи 11-умро хатм намуда буданд, таъмири замонавӣ намоянд. Ин иқдоми ҷавонмардона нишона аз ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ як синфхонаи дигари муассиса аз тарафи сокини деҳа Эмомов Сафархуҷа низ таъмир гардида буд. Аз ин иқдом аҳли коллективи муассиса хеле хушҳол шуда. Миннатдории худро ба чунин шахсони саховатпеша мерасонанд.