ДУОИ НЕКИ МОДАР КАЛИДИ ҲАМАИ ХУШБАХТИҲОСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, меҳрубону ҳимматбаландтарин аҳли башар маҳсуб меёбад. Модар олиҳаи хонадон, офтоби тобон, таскинбахши қалбҳо ва нусратбахши ҳаёти башарият буда, ҳастии ӯ баракати зиндагӣ ва  қудумаш пайроҳаи хушбахтиҳост.

Рисолати модар дар назди  аҳли башар беандоза бузург буда, инсоният бо эътирофи ин бузургманишинӣ ва ба хотири ҷуброни муҳаббат ва ранҷҳое, ки модар мекашад, пайваста саъю талош мекунад. Беҳтарин ва волотарин суханони худро паёмбарону бузургони илму адаб ва сиёсатмадорон дар ситоиши бузургии Модар гуфтаанд. Бузургтарин қадршиносӣ дар ҳаққи модар аз ҳадисҳои  Паёмбари бузурги ислом- Ҳазрати Муҳаммад (с) бармеояд, ки  фармудааст: “Биҳишт зери қудуми модарон аст”.
 

Ин фармудаҳо бори дигар аз бузургӣ, ҳаётофарӣ ва ивазнашавандагии  Модар далолат мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи модар иброз доштанд, ки:  “Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст. Зеро агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан-модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад. Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст”.
 

Оре, маҳз меҳри бепоёну  навози-ши гарми модар аст, ки моро бо оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, шабзиндадорӣ ва  пурбардории модар  танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меоварад. Мо фарзандон канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси ватандӯстию одамгариро меомӯзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дошта, модар таманнои онро дорад, ки тифли солим ба воя расонад, то фарзанд асои  даврони пириаш бошад.
 

Модар калимаи ширину дилангез аст, ки вақте модар мегӯем тамоми вуҷудамонро эҳсоси аҷибе фаро мегирад. Зеро модар ба монанди замин яктову беназир аст ва муҳаббати ӯ барои фарзандон беканору ҷовидона.
 

Модар. Дар ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, маъниву ҷавҳари маърифати хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву  муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст.  Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест.  Чунки тамоми ҳастии мо аз модар сарчашма гирифта, маҳз бо туфайли қудрату муъҷизаҳои замири меҳрубони модар мо чашм ба олами ҳастӣ мекушоем. Аз ин ҷост, ки модарро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро бо меҳру муҳаббати бепоён ва эҳсосоти бузурге ба забон меоварем: "Модар! Модарҷон!"
 

Меҳру муҳаббати самимии модар  ва шабзиндадориҳои ӯ волотар аз ҳама арзишҳои зиндагист. Модар ҳаст, ки мо суруди дар қалбамон маъвогирифта -“алла”-ро шунида, аз шири сафеди ӯ баҳра бардоштаем. Модар  чашмаи  ҳаёти инсонӣ аст ва ҳаёту хушбахтиҳои ояндаи мо ба ҳастии ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, инсон ҳар қадар бузургсолтар гардад, ба меҳру муҳаббати модару навозишҳои дилнишини ӯ ниёзи бештар пайдо мекунад. Ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт барояш ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон асту инсон худро хушбахту саодатманд мешуморад. Зеро ки зиндагӣ аз табассуми модар ранги дигар гирифта, ҳаёт аз ҳусну латофати ӯ зебо мегардад.  Модар тобандатарин чароғест, ки заминро мунаввар сохтааст. Модар фаришта ва олиҳаи зиндагист ва ҳаёти мо фарзандон бидуни модар маънӣ надорад ва бемуҳобо беҳтарин лаҳзаи ҳаёти инсонӣ ҳам дар канори модар ва аз ҳусни дасти пурнавозиши ӯ нуру зиё ёфтааст. Бешак, шахсиятҳои машҳури олам маҳз бо дуои модар дар арсаҳои ҷамъиятӣ муваффақу номвар гардидаанд. Зеро дасти дуои модар чун нури ҳидоят моро ба хушбахтиву саодати зиндагӣ мерасонад ва инсонҳо ҳамеша саъю талош меварзанд, ки ба қадри ин ганҷи беназир расида бошанд.
 

Модар азизтарин шахсест дар олами ҳастӣ. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор қоил менамояд. Такя бар вуҷуди инсонофаринии модар, такя бар Яздони пок аст ва модар ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунё оварда, тарбияву ба воя мерасонад. Модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад ва дар ибтидои ҳаёти инсонӣ бо шири худ моро ба воя мерасонад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёри мо гардад.
 

Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт ва қуввату мадори қалбҳои фарзандони хешанд. Модарон мояи пешрафту дастовардҳои фарзанд дар зиндагианд ва ягон мавҷудоти олам ҷойи модарро гирифта наметавонад.
Модарам – ту ягона дӯстам, дастгирам дар парешонҳолиҳо, шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззати ҳаёту роҳатам дар ҳаёт, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораи фарзандӣ! Модар бе ту ҳеҷ баҳоре зебову шукуфон ва тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз баракати ҳастии ту аст.

 

Модар ситораи дурахшонест, ки фарзандонро ба роҳи ростиву накукорӣ ҳидоят менамояд. Ҳангоме, ки фариштагон дар осмонҳо сар дар гӯши якдигар мегузоранд ва нағмаи сӯзони ишқ сар медиҳанд, наметавонанд калимаи осмонитар аз калимаи “Модар”-ро биёбанд.
 

Дар ситоиши модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Дар ҳақиқат ҳам модар дар зиндагӣ шамъест, ки худ месӯзад то ба фарзандонаш рӯшноӣ  бахшад. Агар дар дунё модар намебуд, ҳаёт арзи вуҷуд намекард ва танҳо модарон идомабахши ҳаётанд. Аз ин лиҳоз, зиндагӣ аз модар сарчашма гирифта, ба таъбири дигар модар  – олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру садоқат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагӣ, назокату малоҳати худ руҳи тоза мебахшад.
 

Умуман, нақши модар дар ҳаёти инсоният бузургу беназир асту меҳру муҳаббат ва ранҷу заҳмати ӯ дар тарбияву ба воя расонидани инсон ҷуброннопазир.

Зебо ИКРОМЗОДА,
“Ҳамрози халқ”