ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ТАҲТИ УНВОНИ “ДУОИ МОДАР” ДАР ТОЛОРИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи банди 1-и нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ рӯзи 7-уми марти соли 2024 маҳфили бошукӯҳи адабӣ - фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Дуои модар” баргузор гардид.Дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ-Сафар Ҳафиза, занону бонувони собиқадор ва фаъоли ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. Чорабиниро тарбиятгирандагони Боғчаи бачагонаи №1-и ноҳия бо қироати шеърҳо дар васфи Модар оғоз намуданд.Сипас, Сафар Ҳафиза- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ модарон, бонувон, омӯзгорону кормандон ва ба муносибати фарорасии иди меҳру вафо, покиву садоқат ба зан-модар 8-уми март- Рӯзи Модар, ки дар оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, самимона табрик гуфта, ба ҳозирин ва кулли зан-модари тоҷик сиҳатмандии комил, иқболи нек ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки модар вуҷуди муқаддас буда, оғозгоҳи зиндагӣ низ ба ӯ марбут аст. Зан-модар олиҳаест, ки шукӯҳу ҷилои сайёра ва гармии хонавода аз меҳру муҳаббати ӯ сарчашма мегирад.Саидов Муҳаммадҷон-раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №5”-и ноҳия зимни баромад иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон боэҳтиром нисбат ба модарон чунин иброз медоранд: “Модар! Чӣ тавр калимаи зебо! Вақте модар мегӯем, руҳамонро эҳсосоти наҷибе фарогир мешавад. Модар мисли офтоби дурахшон гарм, мисли моҳтоб зебо аст ва тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти инсон ва рушду камоли башар сарф менамояд”. Дар идомаи чорабинӣ чанде аз занону бонувони фаъоли ноҳия  ба сухан баромада кулли иштирокчиён ва занону бонувонро ба Рӯзи Модар табрику шодбош гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди корҳои бунёдиву созандагиро таманно намуданд.Ҳамзамон як гурӯҳ фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб барои саҳми назаррас дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва фаъолияти пурсамар дар самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо "Сипоснома"-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.