АЁДАТ ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАРОН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 06.03.2024 бахшида ба Рӯзи модарон раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат ба аёдати занони собиқадори меҳнат, модарони яккаву танҳо рафта, онҳоро ба муносибати Рӯзи модарон 8-уми март ва фарорасии фасли шукуфтанҳову рустанхо, яъне баҳори хучастапай самимона табрик намуда, ба онҳо тухфахои хотиравӣ такдим намуданд.
Масъулин иброз доштанд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Хизби Халкии Демократи Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-март “Рӯзи Модарон ” эълон гардида, аз ғамхориҳои беназири Сарвари давлат бобати баланд бардоштани мартабаву мавқеъи занон дар кишварамон шаҳодат медиҳад.