ҚАДРДОНИИ ЗАНОН БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади гиромидошти зан-модар, ки азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст ва аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад, санаи 6-уми марти соли равон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва муовини раиси ноҳия Амризода Бадахшон бахшида ба ҷашни “Рӯзи Модар” як қатор занони фаъол ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”, “Андозчиён”, “Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” ва “Омор” ки дар баробари тарбияи фарзандон, инчунин солиёни зиёд баҳри пешрафти кори ин сарзамин меҳнати пурсамар кардаанд, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшонниён бо туҳфаҳои хотирмон ва бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Масъулон зимни вохӯрӣ инчунин иброз намуданд, ки "Шумо занону бонувони азиз барои сарзамини аҷдодии мо хизматҳои арзандаи худро дареғ надошта аз пай иҷрои он ҳастед ва ин ҳама меҳнатҳову заҳматҳои шуморо мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем ва ҳамеша қадр мекунем. Занону бонувони гиромӣ Шумо пайваста зери таваҷҷуҳи бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред ва хоҳед дошт”. Инчунин онҳоро бо ҷашни Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, рӯзгори нек, умри бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.