ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба корбарии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ дар доираи баргузории ақсияҳои ҳизби ҷиҳати иҷрои барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҷалби ҷавондухтарон ва омузгорони муассисаҳои таъмимии ноҳия дар маркази шаҳраки Фархор аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепушем” ба истиқболи Рӯзи Модарон баргузор карда шуд.Дар ин аксия ҷавондухтарон бо сару либоси миллӣ дар маркази ноҳия ба занону бонувон маводҳои табрикорию таблиғотӣ бахшида ба Иди Модарон тақдим намуданд. Аксияи мазкур рӯзи сеюмаст, ки дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки ҷавондухтарони фаъоли азъои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия идома карда истодааст.