Дасти мадад расонидан ба шахси ниёзманд амали хайр аст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”, иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар доираи дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда вобаста ба дастгириҳои шахсони бесарбонмондаву эҳтиёҷманд ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша хусусан вакилони ноҳиявӣ ба як нафар шахси эҳтиёҷманди ноҳияи Восеъ кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Табақаи ниёзманд барои кӯмаку дастгирӣ миннатдории самимонаи хешро ба вакили ноҳиявӣ ва ташаббускорони ин иқдом изҳор доштанд.