МИЗИ МУДАВВАР ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИСТИҚЛОЛ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 29 феврали соли ҷорӣ дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор чиҳати баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ бахшида ба истиболи Рӯзи Модарон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” мизи мудаввар дар мавзуи “Модар фаришта буд” баргузор карда шуд.Раҳимова Маъмурбӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҳузури ҳозирин қайд карданд, ки Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад.Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лахзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар – ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синни инсон чанде ки набошад, хоҳ 5, хоҳ 50, барои ӯ модар – навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.