Раҳнаварди роҳи ҳақиқат

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ғайбулло Авзалов. Бо шунидани ин ном дар зеҳни кас тавсифҳое нисбати инсонҳои асилзода ва арзишҳои ҷавонмардие амсоли марди қавл, ҳақиқатпараст, раиси росткор, сиёсатмадори озодманиш, инсони поку самимӣ ва роҳбари дономанду дурандеш муҷалло мегардад. Мухотаби ин матлаб бо кору пайкори мондагори хеш миёни доираҳои гуногуни ҷомеа, сиёсатмадорону донишмандону зиёиён ва ҳам барои мардумони одӣ - аз омӯзгору табибон, то деҳқону дигар коргарони касбу кори гуногун, соҳибэҳтиром асту маҳбуби қалбҳо.

Дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон, месазад аз хизматҳои шоистаи як тан аз нахустин аъзоёни ин неруи сиёсӣ, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун аъзои фаъол дар рушду пешрафти  Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштааст, ёдовар гардид. Рамзист, ки санаи зодрӯзи ходими давлатӣ ва як тан аз ҳамсафони Раи-си муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси мардумписанд Ғайбул-ло Авзалов  ба рӯзи таъсис-ёбии ин неруи пешбарандаи ҷомеа рост меояд.
 

Ӯ санаи 10-уми декабри соли 1948 дар деҳкадаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон дар хонадони ходими давлатӣ раиси номдор - Авзал чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Фаъ-олияти меҳнатии худро баъди хатми Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар соли 1969  аз вазифаи сардухтури бойтории ноҳияи Темурмалик оғоз бинмуда, то зинаҳои сардори Раёсати хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлоб ва роҳбарии ҳизбию давлатии ноҳияҳои Восеъ ва Кӯлоб обу-тоб ёфтааст. Солҳои 1990-1995 вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ мебошад.
 

Соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошкандро хатм намуда, аз ҳамон сол директори генералии Иттиҳодияи хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлоб ва солҳои 1992–1993 раиси колхози ба номи Ғайрат Сафарзодаи ноҳияи Восеъ, 1993–1995 ҷонишини раиси Комиҷроияи вилояти Хатлон, 1995–2000 директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000–2002 ба ҳайси собиқ раи-си ноҳияи Ҷилликӯл (имрӯза Дӯстӣ)-и вилояти Хатлон фаъолият бинмудааст.
Ғайбулло Авзалов аз ҷониби Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо дарназардошти донишу таҷрибаи андӯхтааш давоми солҳои вакили Маҷлиси намояндагон   фаъолият   доштанашон аз соли 2002 то 2005 узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ва солҳои 2005-2006 муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт. Давоми фаъолияти пурсамари вакилӣ дар таҳия ва қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун-ҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ фаъолона иштирок кардааст.

 

Тавре ки раиси номдор дар  китоби “Подоши Ҳақиқат” бад ин мазмун нигоштааст, ҳамсуҳбатӣ бо шахсиятҳои  оқилу орифони замон тафаккури инсонро сайқал бахшида, ба кас неруву тавонмандӣ медиҳад. Зимни мусоҳиба бо ин марди фозил ҳам дар симои ӯ  як тан аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, сиёсатмадори донишманду инсони собир ва як фарзанди содиқи Ватанро   дарёфтем  , ки    бо
кору пайкори шоиста ва хизмати содиқона ба халқу давлат, исми шарифи хешро дар саҳфаҳои таърихи соҳибистиқлолӣ ва даврони рушду ояндасозиҳои Тоҷикистони азиз бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ бинмудааст.

 

Ғайбулло Авзалов аз декабри соли 2006 нахуст иҷрокунанда ва аз 27-уми феврали соли 2007 вазифаи раиси вилояти Хатлонро ба зимма дошт. Маҳз дар ҳамин даврони фаъолиятҳои роҳбариву сиёсӣ,  ӯ ҳамчун узви фаъол ва аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҷиҳати таҳкиму ташаккули сохторҳои маҳаллии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳамҳизбиён маслиҳату тавсияҳои судманд медод.
 

Чуноне, ки  иқрор меояд, ба ҳайси раиси вилояти Хатлон бо тамоми аҳзоби сиёсии кишвар, ки дар доираи Қонунҳои мавҷуда ва арзишҳои миллату давлатдорӣ    фаъолият    доштанд, муносибати баробар дошт. Аммо ҳамчун аъзои ҳизби роҳбарикунанда вобаста ба фаъолияти рӯзмарра ва ҷоннок намудани муҳимтарин самтҳои фаъолияти ҲХДТ ба ҳамсафони хеш фикру андешаҳои худ-ро пешниҳод мекард. Зеро дар баробари ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои барзимаидоштаи худ, ходими давлат ҳамчун аъзои  ҳизби сиёсӣ муваззаф аст, ки бо кору пайкор андешаҳои созандаву гуфтори ибратомӯзи хеш, намунаи ҷомеа ва номбардори ҳизб бошад, - мегӯяд Ғайбулло Авзалов. - Аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нафақат баёнгари мавқеи сиёсӣ ва намояндаи ҳизб дар маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти олии қонунгузорӣ будан, балки як масъулияти ниҳоят муҳим аст. Зеро ҳар як аъзои ҲХДТ хоҳ мансабдор ё корманди одӣ ва ё соҳибкору кишоварз бо ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи хеш муаррифгари ин нерӯи сиёсӣ дар миёни мардум аст.
 

Дар солҳои роҳбарии бузургтарин вилояти мамлкат, Хатлони бостониро бар зимма дош-танаш, бештари соати кории худро миёни мардумони касбу кори гуногун сипарӣ менамуд. Чун сохтакориро намеписандид ва давоми фаъолияти пурсамараш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз тамоми роҳу пайроҳаҳои ин сарзамини бостонӣ гузар карда буд, сафарҳои кории ӯ ба шаҳру ноҳияҳо бидуни роҳнамову муҳофизон сурат мегирифт. Новобаста ба масъулияти муҳими барзиммадоштааш ва маҳдудияти вақт, зимни сафарҳои корӣ ба дидори меҳтарони касбу кори гуногун рафта, дар мавридҳои зарурӣ аз собиқадорону пирони рӯзгордида машварат мепурсид. Ҳоло ҳам ба ҳайси Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар суҳбату вохӯриҳо бо фаъолони ҷомеа ва мардумони касбу кори гуногун дидору суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо аҳолиро омили рушду пешрафти ҷомеа ва тақвият ёфтани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мешуморад.
 

Ба андешаи   Ғайбулло   Авзалов тақозои замон аст, ки суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои муҳташами фар-ҳангӣ-сиёсиро аз марказҳои маъмурӣ то ба сатҳи маҳа-лаҳои дурдаст бояд бурд. Зеро ҳаллу фасли бештар аз мушкилу масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро  бояд  дар  сатҳи  деҳкадаҳо ва ҳатто тариқи вохӯри-ҳои хона ба хонаву суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо мардум бояд баррасӣ кард, ки ба ин васила мо дар татбиқи дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар ироагардида ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем.
 

Дар ин росто, мо собиқадо-рони соҳаи хизмати давлатӣ ва ҳамзамон ба ҳайси раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар доираи сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо сокинони одӣ ва ҳам солмандони бознишаста дидору вохӯриҳо анҷом дода, ҷиҳати тарбияи насли ояндаи Тоҷикистони азиз дар руҳияи ватандӯстиву арзишҳои миллату давлатдорӣ саҳми арзанаи худро гузошта бошем. Мусаллам аст, ки ҳамҳизбиён мо бо дарки ин нукта аллакай суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатнокии аҳолиро аз сатҳи маҳалҳо оғоз бахшидаанд, ки дар ин ҷодаи пурмасъулият барояшон муваффақиятҳои бузург таманно дорам, - иброз дошт дар фарҷоми суҳбат ходими намоёни давлатӣ Ғайбулло Авзалов.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, “Ҳамрози халқ”