Соати сиёсӣ – мусоидат дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №45-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз гузаронида шуд.