ТОЗА НАМУДАНИ ЗАҲБУР ВА ЗАҲКАШҲО ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ"-и ноҳия ҷиҳати омодагиҳо ба оғози кишти баҳорӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо бо маром рафта истодааст, ки барои беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳои корам ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ мусоидат хоҳад намуд.Дар ҷамоати деҳоти мазкур заҳбуру заҳкашҳо бо дарозии 15 километр тоза карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.Айни замон ҷиҳати тоза намудани заҳбур ва ба ҳолати обёрӣ омода намудани заминҳои корам техникаҳои экскватори Хундай ва Дроглайн дар ҳолати омодабош қарор дошта, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва шабакаҳои обёрӣ ба нақша гирифта шудааст.