СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №28

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  Нақшаи амалёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия,  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 миёни хонандагони синфҳои болоӣ “Соати сиёсӣ” доир гардид.  Дар “Соати сиёсӣ” омӯгоронӣ соҳибтаҷриба, ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Масъулин дар баромадашон дар мавзуъҳои “ Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ҳувияти миллӣ” баромад намуда иброз доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, пешгирии амалу кирдори номатлуб дар байни наврасон,  донишомӯзиву хониши намунавӣ, забондонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханронӣ намуданд.