БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22 феврали соли 2024 дар толори Қасри Фарҳангӣ ноҳияи Темурмалик дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз ҷониби Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳия ва Комисариати Ҳарбии ноҳия ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, барои хизматҳои содиқона, рўҳияи баланди ватандўстӣ ва садоқат ба касби бошарафи муқаддаси худ дар ҳимояи марзу буми Ватан-Модар бо медалу ифтихорномаву сипосномаҳо ва молию пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.