Соати сиёсӣ ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Меҳрободи, Ҷамоати деҳоти Гулистон дар муассисаи таълимии №4-и  ноҳияи Восеъ соати сиёсӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба вобаста ба ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо” ва оид ба баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, минбари Созмони Миллали Муттаҳид, Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ташкил ва баргузор карда шуд.