МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода шамбегии дастаҷаъмона гузаронида шуд. Шанбегӣ бо иштироки кормандон ва хоанадагони мактаби мазкур баргузор шуд,Мақсад аз ин маърака идома додани корҳои кабудизоркунӣ ва зебову назаррабо гардонидани гирду атрофи муассиса ва ҷамоатҳои деҳот мебошад, ки дар ин росто масъулин зиёда аз 50 адад дарахтони ороишӣ шинониданд. Роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ баҳри зебову хуррам гардонидани гирду ноҳия, ки дар натиҷа ба ободӣ ва зебогии меҳан оварда мерасонад, чунин корҳоро ба анҷом расонанд.