Аксияи "МО ОМӮЗГОРОН РИСОЛАТИ СОЗАНДАГӢ ДОРЕМ" дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади зеботару ободтар гардонидани як гӯшаи диёр то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бо ҷалби васеи сокинон ва кормандони идораву корхонаҳо ва дигар ташкилоту муасиссаҳо новобаста аз шакли идоракунӣ, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, анҷом додани корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ сабзкорӣ ва ба шаклдарории дарахту буттаҳо, инчунин шинонидани дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда дар идораҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Вобаста ба ин санаи 24.02.2024 дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ Аксия таҳти унвони “ Мо омӯзгорон рисолати созанадагӣ дорем” бо иштироки омӯзгорон ҳашари дастҷамъӣ баргузор гардид. Дар ҳашари баргузоргардида, иштирокчиён ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида, дар боз ҳам зеботару ободтар гардидани муассисаҳои таълимӣ саҳми муносиби хешро гузоштанд.