“СОАТИ СИЁСӢ” ВА “МАКТАБИ МАН” ОМИЛИ АРҶГУЗОРИ БА ФАРҲАНГУ ТАМАДДУН

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Ҳамин аст, ки ин аз як ҷиҳат истифода ва самаранок бурдани вақт бошад, аз паҳлуи дигар омода шудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” “Тоҷикистон ватани азизи ман” “Илм фурӯғи маърифат” мебошад.