ХУШТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ...

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҷамила Машанова, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №29-иноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ мебошад. Гарчанде ӯ худ ӯзбекзабон бошад ҳам, ошиқи забони тоҷикист. Дар таълимгоҳе, ки ба таълиму тарбия машғул аст, ӯро ҳамчун тарҷумони абони тоҷикию ӯзбекӣ мешиносанд. Солҳои зиёдест, ки ӯ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст ва дар ин муддат мақолаҳои зиёдаш дар рӯзномаю маҷаллаҳои ноҳиявию вилоятӣ ба нашр расидаанд.

Соли 2016 маҷмуи мақола-ҳояш бо номи «Моро худшиносӣ мебояд!» дастраси хонандагон гардидааст.
Чанде пеш мо бо муаллима Ҷамила Машанова суҳбате оростем, ки дар поён фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

 

– Шуморо чӣ водор намуд, ки ба навиштани мақолаҳои таълимиву тарбиявӣ бо забони тоҷикӣ машғул шавед?
 

– Дар давраи ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри гузашта яке аз дастпарварони таълимгоҳи мо ба кадом гурӯҳи ҷиноие шомил шуда, дар бетартибиҳои ҳамон замон даст доштааст. Аз ин воқеа зиёда аз 30 сол гузашта бошад ҳам, то ҳанӯз омӯзгорони ин даргоҳи таълимӣ аз забони баъзе афроди ноогоҳ маломат мешунаванд ва аз ин гапу калочаҳо ранҷу азият мекашанд, зеро ки он нафари нолоиқ хатмкардаи мактаби мост. Ана ҳамин узри бадтар аз гуноҳ маро маҷбур намуд, ки барои бегуноҳии омӯзгорони бадномшудаи мактабамон хома ба каф гираму собит намоям, ки панҷ панҷа барбар нест. Ба кирдори ин дастпарвари нолоиқ на танҳо мо - омӯзгорон, балки волидайни ҳамон писар, инчунин аҳли маҳалла ва умуман ҷомеаи ҳамон замон гунаҳгор аст.
 

– Оё аз дастпарварони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳия шахсони арзандае баромадаанд, ки мояи ифтихори омӯзгорон бошанд?
 

– Аз мактаби мо агар як нафар бетарбия баромада бошад, омӯзгорони мактабамон бо номи даҳҳо хатмкардаи беҳтарини муассиса, ба монанди А. Нуриддинов, Назир Хаманов, Абдулло Боллиев, Ҳабибулло Боймуродов, Рустам Менглибоев, Холбута Бердиёров, Раҳимҷон Худойқулов, Сармухан Кайпов, Ҷӯрабой Нуриддинов, Назир Боймуродов, Холбозор Худойқулов, Абрамат Тошмуродов ва дигарон ифтихор мекунанд, ки онҳо ба кори неки омӯзгорӣ машғуланд. Ҳамзамон як қатор шогирдони дигари ин муассисаро метавон зикр намуд, ки бо меҳнати ҳалоли хеш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар саҳмгузор буда, бо номи неку шоиста соҳиби обрӯи баланд гардидаанд.
 

– Шумо худ мактаб ва донишгоҳро бо забони ӯзбекӣ хатм кардаед ва дар мактаби маҳаллаатон ҳам ба забони ӯзбекӣ дарс мегӯед.

Оё бо забони тоҷикӣ мақола навиштан бароятон душвор нест?     
 

– Дуруст қайд кардед. Чанд сол пеш ҳодисае рух дод, ки он боиси забондонии ман гардид. Дар мактабамон ба хонандагони ӯзбекзабон аз фанни «Таърих ва ҳуқуқ» дарс мегуфтам, вале чунин китоби дарсӣ бо забони ӯзбекӣ мавҷуд набуд ва ман маҷбур шудам, ки мавзуъҳоро аз китоби «Таърих ва ҳуқуқ»-и тоҷикӣ хонда, онҳоро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда дарс гӯям. Ана ҳамин амал дар мактабамон маро ҳамчун «тарҷумон» муаррифӣ кард.
 

– Дар  мактабе,  ки  Шумо батаълими   хонандагон   машғулед, устодони дигари ӯзбек-забон ҳам кӯшиши омӯхтани забони тоҷикиро доранд?
 

– Баъди ҷорӣ гардидани таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо забони тоҷикӣ дар аввал баъзе омӯзгорони ӯзбекзабон ба таҳлука афтоданд, зеро то он вақт ба ин масъала чандон ҷиддӣ диққат намедоданд.
Дар ин бора ман ба онҳо гуфтам, ки ҳеҷ ҷойи тарсу ваҳм кардан нест. Ман худ дар байни се-чор сол ба тарҷумони ҳақиқии тоҷикию ӯзбекӣ мубаддал гардидам. Азбаски ба донистани забони давлатӣ бештар зарурат доштам, бинобар рӯзу шабҳо вақтамро сарфи омӯзиши забони тоҷикӣ мекардам. Ба ҳар шахсе, ки мақсади омӯзиши забонҳоро дорад, гуфтаниам, ки пеш аз омӯзиши забони ҳар як миллат, аввал худи ҳамон миллатро бояд дӯст дошт. Агар миллатеро дӯст дорӣ, забонашро ҳам бо меҳру муҳаббат меомӯзӣ.

 

– Шумо ҳамчун омӯзгор, модар ва як шахси зиёӣ мафҳуми Ватанро чӣ гуна ташреҳ медиҳед?
 

– Калимаи «Ватан» барои инсони солимфикр вожаи муқаддасу хушсадост. Бо шунидани ин калима шахс якбора бӯйи онро низ эҳсос мекунад. Аз рӯзи таваллуд то давраи ба камол расидану худогоҳ шудан, ҷойи зисту макон, кулбачае, ки дар вай ба воя расидааст, манзараҳои зебои диёр, рӯйдодҳои олами ҳастӣ, хулоса ҳамаро пеши назар меорад. Ин аст бузургии Ватан, ки шахсро чун оҳанрабо ба сӯи худ мекашад. Бе Ватан мо чун булбули бечаманем.
 

– Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар таълиму тарбияи насли наврас хуб ба роҳ монда шудааст, вале аз васоити ахбори омма аён мегардад, ки дар ин самт ҳоло ҳам корҳо чандон мувофиқи матлаб нест. Дар ин хусус чӣ гуфтаниҳое доред?
 

– Ҳар як омӯзгор бояд кори таълиму тарбияро дар зиннаи аввал гузорад. Таълиму тарбияи дурусти насли наврасро дар якҷоягӣ бо волидон, бо қувваи ҳамдигар ва аҳли ҷомеа ба роҳ мондан самараи нек медиҳад. Хуб мебуд, ки ин хоҳиш ва дархости мо – омӯзгорон аз ҷониби сокинон дастгирӣ ёбад. Набояд фаромӯш кард, ки ободии диёр, пешрафту беҳбудии халқ ва фаровонии неъматҳои он ба таълиму тарбияи неки фарзандони ҳамон мавзеъ вобаста мебошад. Дар ибтидо чӣ хеле ки таълиму тарбия медиҳем, дар интиҳо натиҷаашро мебинем, ки ин ба сабақи омӯзгор сахт вобастагӣ дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ҷав коштӣ, гандум намегирӣ».
 

– Ҳамагон хуб медонанд, ки китоб ва китобхонӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши бузург дорад. Шумо ҳамчун омӯзгор перомуни ин мавзуъ чӣ гуфтаниҳо доред?
 

– Дар зиндагӣ ҳолатҳое мешавад, ки шахс муҳтоҷи як сухани хуш, хоҳони як калимаи оромибахшу дилнишин мегардад ва мехоҳад касеро пайдо кунаду аз забони ӯ як ҷумлаи хуше шунида, ғаму андуҳи худро каме фаромӯш созад.  Мехоҳад, ки шахси руҳан наҷотдиҳандааш аз дарди дилаш бохабар бошаду бо ӯ ҳамфикр шуда, аз дилтангиҳои ҳаёт раҳояш намояд. Масалан, баъзан вақт дар гирду атрофат чиҳо содир шуда истодааст, хабар намеёбӣ, гоҳҳо шабу рӯзат ҳам бенатиҷа мегузарад. Вақтатро бо чӣ коре сарф карда истодаӣ, худат намедонӣ. Дар ҳамин гуна ҳолатҳо, пеш аз ҳама, илоҷу имконият ёфта ба мутолиаи китобҳои дӯстдоштаат бояд пардозӣ, зеро хондани китоб шахсро аз муҳити номусоиду бесамар гузаронидани вақт озод мекунад. Китоб шахсро ба рӯзи неку умедбахш ҳидоят намуда, ба ҳаёти ӯ субҳу сафо мебахшад. Ба ин хотир шоири бузурги тоҷик Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро беҳтарин дӯсту ғамхор ва роҳатбахшандаи инсон донис-тааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳарозоре нест.

– Тавре, ки гуфта гузаштед, Шуморо дар муассисаи таълимии мазкур ҳамчун омӯзгор ва тарҷумони забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ хуб мешиносанд.  Доир
ба дӯстии ин ду халқи бо ҳам дӯсту бародар, ки аз қадимулайём паҳлуи ҳам кору зиндагӣ мекунанд, чанд сухан мегуфтед?

 

– Модоме, ки сухан аз боби дӯстӣ меравад, дар ин бора дӯстии адибони бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ бо Алишери Навоиро метавон мисол овард, ки яке тоҷику дигаре ӯзбек буд. Дар таърих ин ду шахс яке устоду дигаре шогирд, мисли гӯшту нохун, ду бародар, яктану якҷон буданд. Агар обҳои зулол аз қуллаҳои баланд сарчашма гиранд, халқҳои тоҷику ӯзбек дӯстиро аз қуллаҳои бузурги назм – Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба мерос гирифтаанд. Ана ҳамин шахсиятҳои бузург дар дӯстии самимонаву беғаразона бароямон намунаи ибратанд. Он пули дӯстие, ки Ҷомиву Навоӣ бунёд кардаанд, имрӯз қуввае нест, ки онро гусаста созад. Бо ин пули дӯстӣ асрҳо боз ҳазорон авлоди ин пирони хирад мегузаранд.

Суҳбаторо,
Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА