Девори Ватан бошем!

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

«Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои созгор ҷиҳати зуҳури кадрҳои лаёқатманду шахсиятҳои пешо-ҳанг аз ҳисоби занону духтарон дар арсаҳои корзор аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли кишвар арзёбӣ мегардад. Дар партави татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъолгардонии  нақши  онҳо  дар  ҳаёти  ҷомеа,  имрӯзҳо бонувони кишвар бо саҳмгузорӣ дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамзамон ҳамчун фарзандони содиқу шуҷоатманд дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ифои вазифа доранд.

Занону духтарони То-ҷикистони соҳибистиқлол бо дарки масъулияти ватандорӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, бо саъю талоши содиқона баҳри пешрафту ободии кишварамон, таълиму тарбияи фарзандонро дар руҳияи ифтихор аз арзишҳои милливу фарҳангӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ рисолати ҳаётии худ мешуморанд.
 

Мунира Ҳакимова, прапоршики калони қисми ҳарбии 07256 аз зумраи парвардаҳои ҳамин гуна хонаводаҳои асилест, ки дар руҳияи арзишҳои муқаддаси инсонӣ ба воя расида, хизмати содиқона ба Ватанро пешаи ҳамешагии худ интихоб кардааст. Айёми кӯдакиву наврасии ӯ дар зодгоҳаш кӯчаи Бобоҷон Ғафурови маркази маъмурии ноҳияи Вахш сипарӣ гардида, аз овони тарбия дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба азбар кардани шеърҳо ва омӯзиши санъати рассомӣ майлу ҳаваси бисёр дошт. Новобаста ба зиндагии хоксоронаи зодмандонаш, ки баъди бознишастагӣ ҳам ба хотири беҳбудии рӯзгори аҳли оила заҳмат мекашанд, аз панҷ фарзанди онҳо чаҳор нафарашон солиён дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳоди гуногуни қудратӣ фаъолият карда, ҳолиё ба касбу корҳои гуногун машғуланд. Аммо  фарзанди чаҳоруми оила афсарбонуи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Ҳакимова дар ин ҷода қадамҳои устувор мегузорад. Ӯ аз овони наврасӣ ба шуғлҳои варзишиву низомӣ шавқу рағбати беандоза дошт, ки ба гоҳи канораҷӯӣ аз дарсҳои мактабӣ дугонаҳояш ҳатман ӯро аз толори вар-зишӣ пайдо мекарданд.
 

Аз дарсҳои мактабӣ фанни тарбияи ҷисмониро ниҳоят дӯст медоштам, ки ёд надорам аз ягон машғулиятҳои дар майдону толорҳои варзишӣ қафо монда бошам, - табассумомез риштаи суҳбатро кушод прапоршики калон Мунира. Гарчанде бо сабабҳои оилавӣ баъди хатми синфи нуҳум таҳсилро дар Омӯзишгоҳи касбии техникии ноҳияи Вахш идома дода бошам ҳам, аммо даврони омӯзишҳои касби дӯзандагиву маҳорати кор дар компутер ва дигар курсҳои ҳунаромӯзӣ лаҳзае ноумед нашуда будам, ки рӯзе маро дар либоси низомӣ хоҳанд дид.
 

Дар тарбияи маънавию ҳидояти мо хоҳарону бародаронам, падари хушгуфтору пандомӯзамон саҳми бештар гузошта, модарам бошад дасту панҷаи моро ба кору шуғлҳои гуногуни судманд нарм карда буд. Ӯ баъди 24 соли фаъолият ба ҳайси ошпази яке аз кӯдакистонҳо, пас он, заҳмати дастиро дар Литсейи касбии техникӣ идома бахшиданд, ки вазифаи ҳаррӯзаашон рубӯчини саҳни ҳавливу атрофи ин муассисаи касбомӯзӣ буд. Ман ба хотири дасти ёрӣ расонидан ба модарҷонам ба Литсейи касбии техникӣ мерафтам ва мушоҳидаи кору фаъолияти ҳаррӯзаи коргузори шуъбаи кадрҳои ин муассисаи касбомӯзӣ хоҳишеро дар дилам фурӯзон кард, ки маҳорати кор бо компутерро дар инҷо биомӯзам,- ба ёд меорад мусоҳиби мо.
 

Ҳамин сон, давоми солҳои 2013-2015 ба гоҳи кӯмак ба кори модар иҷозаи такмили маҳорати дар компутери Литсейро гирифта, минбаъд, баъди тозакории атрофи муассиса соатҳо саргарми ҳуруфчинӣ буд. Гузори рӯзҳо шавқу рағбати хастанопазирашро ба воситаҳои техникӣ дида, ӯро ба ҳайси ёрдамчии коргузори Литсей ба кор гирифтанд. Соле баъд фаъолияти худро ҳамчун коргузори соҳаи бонкдорӣ идома дода,  то дохил шудан ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар тариқи шартнома ба ҳайси ҳуруфчин дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Вахш фаъ-олият бинмудааст. Дасти сарнавишт ва маҳорати кор бо технологияи замонавӣ  ӯро ба яке аз қисмҳои ҳарбӣ бурд ва дар онҷо ба симмати иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кадрҳо ба фаъолияти хизматӣ пардохт.
Баъди як солу се моҳи фаъолият оиладор шуда, дар шаҳри Бохтар зиндагӣ ихтиёр намудам ва мушкили рафтуомади ҳаррӯза ба қисми ҳарбӣ маро водор намуд, ки ба таври гузариш фаъолияти хизматиро дар қисми низомии 07256  идома диҳам, - иброз дошт Мунира Ҳакимова. – Нахуст дар оркестри ҳарбии  нафасии Комендатураи ҳарбии гарнизони Хатлон фаъолият бинмуда, ҳаминак аз январи соли ҷорӣ бо Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори қисми махфии ин қисми ҳарбӣ таъйин гардидам.

 

Прапоршики калон Мунира Ҳакимова, ки аз даврони наврасӣ орзуи дар мақомоти низомӣ кору хизмат кардан дошт, ҳолиё дар  сафи афсарбонувони сохторҳои қудративу Қувваҳои мусаллаҳ ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва таъмини амнияти мудофиавии Ватан содиқона хизмат дорад. Тавре худ иқрор меояд, вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа сол аз сол шиддат гирифтани равандҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хатарҳои муосири терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, ҳар як шаҳрванди ватандӯстро водор месозад, ки дар муҳофизати марзу буми хеш ва ҳифзи суботу сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошад.
 

Орзу дорам дар баробари фаъолияти хизматӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ҳамзамон таҳсилро дар муассисаҳои олии ҳарбӣ идома бахшида, ҳамчун афсари олирутба ба халқу Ватани худ хизмат намоям. Шароиту имкониятҳои фароҳам овардаи Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон ҷиҳати ба таҳсилоти оливу касбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба мо бонувону ҷавонони саодатманд неруву илҳоми тоза мебахшад, то ин ки  бо азму иродаи устувор илму дониш ва ҳунару маҳорат омӯхта, ҳама ҳастии худро  баҳри рушду пешрафти Ватан, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҷовидонии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон бахшида бошем,- ифтихормандона изҳор медорад прапоршики калон Мунира Ҳакимова.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, "Ҳамрози халқ"