ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ 340 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ то соли 2026 340 бинову иншоот сохта ба истифода дода мешавад. Дар соли 2023 тиқби нақшаи тасдиқгардида 39 бинову иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки дар доираи имкониятҳои бадастомада 131 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинову иншоотҳои сохташаванда асосан ба соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ, варзишу саноат ва амсоли инҳо равона гардидааст, иттилоъ дод, раиси ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло.

"Ҳамрози халқ"