ОЗМУНИ РАССОМИ БЕҲТАРИН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаи таълимии №56-и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” озмуни “Рассоми баҳтарин” миёни муҳассилини муассиса баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории омзуни мазкур ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ва лаёқатманд буда, ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва расидан ба қадри Ватан-Модар мебошад.

Озмун миёни хонандагони синфҳои поёнӣ аз рӯйи шартҳои алоҳида баргузор карда шуд. Барои иштирокчиёни ҳар се зинаи довталаб дар озмуни “Рассоми беҳтарин” ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм пешниҳод гардид. Ғолибони иштироки дар ҳар се зинаҳои муайян гардида қадрдонӣ гардиданд.

Ҳунари рассом бо истифода аз қалам мушкилоти давру замон, таъриху фарҳанги давлату миллат ва чеҳраҳои муҳимми таърихро тасвир мекунад. Мушкилоти ҷомеа ва сиёсатмадоронро рассом метавонад бо жанри карикатура нишон диҳад. Мо аз таърих карикатураҳои машҳури рассомони ҷаҳониро медонем, ки то имрӯз аҳаммияти худро аз даст надодаанд.