ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола 23 - феврал дар саросари кишварамон Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Мавриди зикр аст, ки  яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин эътимоднокии ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад. Ҳаминак, аз таъсисёбии Артиши миллӣ 31 сол пур мешавад.
 

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият ба ҳисоб рафта, дар шароити ниҳоят вазнин таъсис ёфта буд. Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
 

Артиши ҷавони Тоҷикистон, дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безараргардонии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа, саҳми ҷавонмардона гузоштаанд.
 

Мавриди зикр аст, ки бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон аз Артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, ба як неруи мусаллаҳи пурқудрати ҳарбии замонавӣ табдил ёфта истодааст.
 

Биноан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун ватандӯстони асил малакаю маҳорати касбии худро дар сатҳи баланд такмил дода, дар ҳимояи Ватан ва манфиатҳои халқу давлатамон, пойдории сулҳу субот, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳомиёни Ватан!