ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми аъзои ҲХДТ, фаъолон ва сокинони ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

Аз ҷумла, имрӯз дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти "Истиқлол" бо ташаббуси аъзои ҲХДТ, соҳибкорони мувафақ ва фаъолони деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона якқатор корҳои ободонӣ гузаронида шуда, роҳи марказии деҳа сангфарш ва атрофи он чароғон гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ташабуси мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя  месозем!» баргузор гардида, баҳри тадбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ҳамзамон баҳри таъмини зиндагии шоиста ба мардум амалӣ гашта истодааст.