БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГУШТИН МИЁНИ ҶАМОАТУ ДЕҲАҲО

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Гуштингири яке аз намудҳои қадимтарини варзиши тоҷикон буда бе гуштингири ягон рӯзи хурсанди намегузашт, паҳлавонон ҳамеша машқи гуштин доштанд. Аз хурди чавонмардҳо ба гуштин машқ мекарданд аввал дар тӯйҳои ҳамдеҳа баъд дар деҳаҳои ҳамсоя ба базмҳои гуштингири мерафтанд. Ба ин хотир маросими камарбандон барпо мешуду, он ҷавонмард номи паҳлавонро гирифта дар базму маракаҳои мардум ҳамчун паҳлавон мустақилона ширкат меварзид

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 30 – нафар наврасон ҷалб гардида, 70 нафар сокинони маҳаллӣ деҳаҳои худро мухлисӣ намуданд.

Ҳамзамон, нафарони ғолиб имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.