ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва бо ҷалби соҳибкорону сокинони ҷамоати Меҳнатобод дар деҳаҳои Қизилбайрақ ва Ҷомӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳи байни деҳавиро тариқи ҳашари дастаҷамъона дар масофаи зиёда аз 3 километр сангфарш намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки роҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ якчанд роҳи деҳаҳои дигарро ба ҳам пайваст намуда, соҳибкорон ва сокинони деҳаҳои мазкур дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон саҳми назарас доранд.

Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаҳои мазкур боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.

Боиси қайд аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.