БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 феврали соли равон нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати Бохтариён бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла сардори амнияти миллӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ ва муовини прокурори ноҳияи Кӯшониён, инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, фаъолон ва сокинони ҷамоатҳои Бохтариёну Ориён баррасӣ гардид.

Масъулин зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фаро гирифтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини амният, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноат, энергетика ва дигар соҳаҳо яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ дар низоми давлатдорӣ ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати падидаи нав дар амалияи конститутсионии кишвар бешубҳа санади муайянкунандаи дурнамои ҷомеа эътироф шудааст, зеро дар он дастовардҳои дирӯзу имрӯз таҳлил гардида, имкони фароҳам овардани шароит барои дастовардҳои ояндаи кишвар муайян мегардад.

Дар фарҷом ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани як гӯшаи кишвари азизамон ба сокинони деҳаҳои мазкур ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.