ДАВРИ НИҲОИИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо корбарии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо роҳбарӣ бахши ноҳиявии ТҶҶ “Созандагони Втан” миёни хонандагон мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди шашкаю шоҳмот бахшида ба муносибати 31 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда буд, ки имрӯз даври ниҳоии он миёни ғолибони даврҳои пешин баргузор гардид.Дар даври финалии мусобиқа 14 нафар ғолибон аз 6 муассисаи таълимии ноҳия миёни ҳам рақобат намуданд. Рақобатҳо чолибу хотирмон баргузор гардида Ғаффаров Машаммадюсуф хонандаги мактаби №10 сазовори ҷои аввал гардид ҷои дуюм бошад насиби хонандаги мактаби №3 Абдулвоҳидзода Фирдавс гашт ду нафар хонандагони мактабҳои №10 ва 2-и ноҳия сазовори ҷои сеюм гардиданд.. Ғолибон дар ҷорабинии тантанавӣ, ки санаи 22-юми феврал бахшида ба Рӯзи таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи марказии ноҳия бо иштироки ҷавонон баргузор карда мешавад бо Сипоснома ва таҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдони карда мешаванд.