Таъмри мизу курсиҳо ва таҷҳизотҳои хониш.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби таҳсил таъмири таҷҳизотҳои муассисаҳои таълимӣ бо маром идома дорад. Мактаб боргоҳи илму дониш аст. Дар ҳолати хуб нигоҳ доштан ва саҳм гузоштан дар ободиву зебогӣ мактаб амали хайр ва вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ ба назар мерасад, ки тибқи дастури маъмурияти шуъбаи маорифи ноҳия корҳои васлу таъмир ва тавассути асбобҳои кафшерӣ мизу курсиҳо ва дигар таҷҳизотҳо аз таъмири пурра бароварда шуда истодаанд. Бо ин васила масъалаи норасоии ҷойи нишаст ва аз таъмири пурра баровардани лавозимотҳои мавҷуда ҳалли худро хоҳад ёфт. Ин амалиёт минбаъд низ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ идома хоҳад ёфт.