ДАР МТМУ №2 - “СОАТИ СИЁСӢ” ВА “МАКТАБИ МАН” ДОИР ГАРДИД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар асоси  Нақшаи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия,  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ҷамоати  шаҳраки ноҳияи Данғара  миёни хонандагони синфҳои болоӣ  ва хатмкунандагони муассисаи номбурда “Соати сиёсӣ” ва “ Мактаби ман” доир карда шуд.

Дар “Соати сиёсӣ” вакилони ноҳиявӣ , омӯзгорӣ соҳибтаҷриба, Ҳамидова Назрбӣ ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.