ТАҚДИМИ КИТОБ ДАР РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲАДЯИ КИТОБ АЗ ДАСТИ МУРАТТИБ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 14 уми соли равон муовини Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дӯсти даврони донишҷӯиям муҳтарам Давлатҷон Муҳуддинзода, ки яке аз ҷавонони ҷӯянда, пажӯҳишгар ва навовар мебошанд каминаро ба утоқи корияшон даъват намуда, китоби воқеан арзишманд, мондагор ва тозанашри навбатии хешро, ки зери назари Вазири маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро таҳти унвони ...Пешвои миллат - эҳёгари тамаддуни тоҷикони ҷаҳон... аз чоп баромад эҳдо намуданд. Давлатҷонро, ки зодаи ҳамин ноҳия мебошад аз даврони донишҷӯӣ мешиносам бисёр бачаи донишманд аст аз хурдӣ ба илм завқи беандоза дошт. Дар озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзад ва борҳо ба ноҳия медалу ифтихорномаҳо овардааст. 

     Дар китоби тоза мураттаб намудаи эшон, ки фарогири мақолаҳои дар давоми ду се соли охир дар матбуоти даврӣ чопшуда перомуни хидматҳои мондагор ва фаъолияти созанда таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва дар ҳошияи он сиёсатмадорону арбобони жавлатию сиёсӣ олимону адибон, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба фидокорию ҷасорат ва иродаи матини Пешвои миллат дар роҳи расидани кишвар ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва талошҳои мавсуф баҳри рушду ободонии мамлакат бо самимияту эҳсоси баланди инсондӯстию ватанпарастӣ ҳарф мезананд. 

Мутоилаи китобро ҳатман тавсия медиҳам ва баъди пурра мутолиа намуданаш андешаҳоямро тариқи видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён хоҳам кард. Қайд кардан ба маврид аст, ки Давлатҷон Муҳуддинзода феълан муаллиф ва мураттибони 5 китоб мебошанд.

 

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ