Эътиқоди, рафтуо дар зиндагист...

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту суҳбатҳояшон аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва беморону шахсони яккаву танҳо даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамояд. Дар ҳамин асос аёдати зану ҳамсар, ки ним аср бо ҳам ҳаёт бурда, 8 нафар фарзандонро ба воя расонида соҳиби дару хонаи худ карданд. Имрӯз чи аҳвол доранд? Бо мақсади шиносои бо вазъи зиндагии ин оила ва бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиза Сафарова- раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, бо пиру кампир ҳамсӯҳбат шуд. Холаи Майдамо, гуфт, ки соли 1975 аз Тавилдара ба ин ноҳия келин шудааст. Ҳамроҳи шавҳараш зиндагии хуб гузарониданд.