ҒАМХОРИҲОИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша – чорабиниҳо масъулини Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, баҳри беҳдошти зисту зандагонии мардум бетараф набуда,  санаи 16.02.2024 бо усули “Хона – ба хона” оид ба самаранок истифодабраии заминҳои наздиҳавлигӣ бо аҳолӣ сухбат намуданд.  Зимни суҳбат таваҷҷуҳи сокинон ба истифодаи самараноки замин ҷалб карда шуда, масъулин иброз доштанд, ки барои беҳдошти зиндагии худ ва пайвандон ба икшту кор саҳми назаррас гузоред. Зеро меҳнати арзанда самараи хуб ба бор оварда, сатҳи рӯзгори ҳар сокини кишвар беҳтар мегардад.