ДАР ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ САҲМИ АРЗИШМАНДИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар тамоми шаҳру ноҳияҳо мунтазам иқдомҳои дарахтшинонӣ ва ободу зебо гардидани муҳити кору зист сурат гирифта истодааст. Бо ташаббуси директори Боғи фарҳангӣ, фароғати Нахшов Умедҷон ва тамоми кормандон ҳар рӯзро барои тозаву озода намудани манзилу кошона, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани ноҳия ва самаранок истифода бурда, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд.