Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест...

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Расонидани ёрӣ ва дасти ниёзмандеро гирифта ин яке беҳтарин хислати инсонӣ ба шумор меравад. Ба ҳамагон маълум аст, миллати тоҷик дар ҳама давру замон соҳибфарҳанг соҳибэҳтиром, раҳмдил, мушфиқу ғамхор ва умуман тамоми хислатҳои хуби инсониро доро буда баҳри беҳбудӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии худ ва атрофиён мудом дар талош мебошад. Ҳамин аст,ки гоҳо ба назар мерасад, ки яке баҳри таъмири роҳ, муассиса, обёрӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дигаре баҳри кӯмак ба ятимону ниёзмандон саъю талош меварзад. Ин амали ҷавонмардонаи шахсони саховатпеша баҳри ҳарчи бештар гардидани шароити созгори мардум маҳсуб меёбад. Соҳибкорон ва шахсони саховатпеша суханрониҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш дониста баҳри баланд бардоштани сатҳи шароити зиндагии худ ва атрофиён талошҳои беандозаро равона месозанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромаду вохуриҳо мардумро баҳри ободии диёр, ҳурмату эҳтироми падару модар, калонсолон, наврасон ва бохабар гардидан аз ҳоли ятимону бепарасторон мудом таъкид менамояд. Ин суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба соҳибкорону шахсони саховатпеша руҳу илҳоми тоза бахшида баҳри ободу зебо намудани диёри хеш талошҳои зиёд меварзанд.

Чунин як амали ҷавонмардона аз ҷониби соҳибкори ноҳиявӣ амалӣ карда шуд. Ин марди хайрхоҳ дар муассисаи таълимии №8 -и ноҳияи Восеъ ба хонандагони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат либосҳои зимистона ва лавозимотҳои хонишро тӯҳфа намуд. Ҳангоми ба бар намудани либосҳо шодиву хусандии кӯдаконро ҳаду канор набуда, рақскунону чархзанон бо лаҳни шевои кӯдакона бо якдигар мегуфтанд: Инаш аз ман зебост дигаре аз ман. Аз ин хушҳолии тифлакон марди саховатпеша худро намедонист чи гуна идора кунад ва чашмонаш пур аз ашк гардида худ бори дигар эҳсос намуд, ки дар ҳақиқат ниёзманди чи гуна будааст. Ин марди наҷиб тасмим гирифтааст, ки минбаъд худ ва шахсони ба худ баробарро ба ин гуна корҳои савоб ва гирифтани дасти ниёзмандон роҳнамоӣ намоям. Бо ибрози назар бояд тазаккур дод, ки аз ин амали ҷавонмардонаи соҳибкори саховатпеша, соҳибкорони дигар низ ибрат гирифта баҳри оилаҳои ятиму ниёзманд,ободии диёр роҳу пулҳо ва шароити муассисаҳои таълимӣ кӯмакҳои худро дареғ надоранд. Бори дигар аз номи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин марди наҷиб ва аҳли пайвандонаш барори кору ризқи фарозро таманно дорем.

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест.

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад..