ДАР ХАТЛОН ХУДКУШӢ КАМ ШУДААСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Соли 2023 дар вилояти Хатлон 117 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 96 нафари он ба ҳалокат расидаанд. Худкушӣ ва сӯиқасд назар ба соли 2022 17 адад камтар аст, иттилоъ дод Назарзода Аваз, прокурори вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ.
 

Инчунин, Назарзода Аваз, қайд кард, ки соли сипаригардидаи 2023 миёни ноболиғон 21 ҳолати худкушӣ рух додааст, ки ҳамаи онҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Ин рақам назар ба соли 2022 11 ҳолат камтар аст.
 

Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки вобаста ба ин ҳодисаҳо 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 10- тои он ба додгоҳ рафта, тафтишоти 2 адад парвандаи дигар низ идома дорад.