НАҚШИ БОНУВОНИ ПЕШОҲАНГ ДАР АМАЛИСОЗИИ АНДЕШАИ БУЗУРГ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар арафаи таҷлили бошукӯҳ аз ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ёдоварӣ аз хизматҳои шоистаи собиқадорони фаъоли ҷомеа, ки дар масири муаррифии арзанда ва ташаккули сохторҳои маҳаллии ин неруи сиёсӣ  хизматҳои шоён анҷом додаанд, нишони арҷгузорӣ ба садоқату вафодории пешоҳангони ин неруи ояндасоз ва мавриди омӯзишу баҳрабардории ҷавонону наслҳои оянда қарор додани корномаи мондагори онҳо арзёбӣ мегардад.

Ализода Сурайё Ҷӯра, ки тули 11 сол раисии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Носири Хусавро бар зимма дошт,  дар тарғиби сиёсати давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ инчунин, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ҷиҳати шомилшавӣ ба ҳизби пешбаранда ва саҳмгузорӣ дар рушду ободонии ин ноҳияи дурдасти сарҳадӣ саҳми ниҳоят бузург гузоштааст.
Дар воқеъ дар ин ноҳияи ба қавле истгоҳи охирин музофоти ҷанубии Тоҷикистон, ки бинобар иқлими ниҳоят гарму тобистони тулонӣ табиатшиносон ин диёри андар моварои дашту пуштаҳои беобро хонаи Офтоб меноманд, бунёдгузории иншооти муҳими хизматрасонӣ ва ба роҳ мондани фаъолиятҳои гуногуни ҷамъиятӣ аз собиқадори ҲХДТ Ализода Сурайё садоқату фидокориҳо ва саъю талоши хастанопазир металабид. Зеро дар соли 2012 ҳини ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав интихоб гардид, ҳизб гӯё 500 нафар, аммо расман 300 тан аъзои сабтиномшуда дошту халос.

 

Илова ба мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоии ин ноҳияи дурдасти сарҳадӣ дар он солу замон Кумитаи иҷроия бинои маъмурӣ надошт, ки дар иншооти ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия нигаронидашуда иҷоранишин буд, ба ёд меорад он рӯзҳоро Сурайё Ализода.
 

– Фаъолияти роҳбариро аз ба тартиб овардани ҳуҷҷатгузории Кумитаи иҷроия оғоз бахшидам. Мурури ҷалби таваҷҷуҳи бештари фаъолони ноҳия ба аъзогӣ, ҳизби пешбарандаи ҷомеа аз лиҳози иқтисодӣ ва сафи аъзо каме ташаккул ёфт. Ҳамакнун, бо истифода аз неруи мардумӣ, ки аслан аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони онро ташкил медод, мо ташаббусҳои гуногуни ободониро рӯи даст гирифтем. Пас он, дар соли 2014  дар қитъае барои бунёди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санги асос гузошта шуда, дар давоми се моҳи баъдӣ бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тариқи ҳашарӣ дастаҷамъона сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
 

Таҷрибаи иқдомҳои дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ бозгӯи он буд, ки сокинони гуногунмиллати ноҳияи Носири Хусрав бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии кишварро ҷонибдорӣ намуда, дар пайравӣ аз ташаббусҳои ватандӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузоштан дар рушду ободонии кишвари азизамонро вазифаи ҷониву рисолати муқаддаси хеш дар зиндагӣ мешуморанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ҷиҳати шомил гардидан ба сафи ҳизби пешбарандаи ҷомеа ва фаъолнокии сокинонро дар корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои оммавӣ дида, мо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дар маҳаллҳо тақвият бахшидем, - ба ёд меорад Ализода Сурайё.

 

- Ин буд, ки давоми фаъолият дар мақоми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, дар баробари бақайдгирӣ ва ташкилу ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузории 11 адад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ҳисоботҳои оморӣ дарҷ гардида буданд, шумораи онҳо дар ноҳия ба 48 адад расонида шуд.
Ёд дорам, дар шабу рӯзи муаррифии ҳизб дар рустоҳо, ки мардум саргарми пешбурди рӯзгори худ буданду заҳматкашони хоҷагиҳои кишоварзиро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангиву оммафаҳмонӣ ҷамъ овардан мушкилиҳои худро дошт, мо фаъолони ҲХДТ ҳатто аз фурсати сухани табрикотӣ дар тӯйю маъракаҳои мардумӣ истифода бурда, мардумро ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ даъват мекардем, – аз он солҳои фаъолият дар ин ҷода қисса мекунад Сурайё Ализода.
– Самараи саъю талошҳо дар ин ҷодаи пурифтихор пеш аз ҳама муаррифии арзандаи ҳизб миёни мардум буд, ки бо мурури солҳо нуфузи бонувон дар сафи аъзои ин неруи пешбарандаи ҷомеа 70 дарсад ва шумораи ҷавонон 63 фоизро ташкил медод. Мардум бо таваҷҷуҳ бар он ки роҳбарии ҲХДТ-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, дар баробари пайвастан ба сафи мо дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла чорабиниҳои оммавию аксияҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзиданд.  
Дар радифи сол аз сол афзудани сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияи дурдаст ба ташаккули сохтори зертобеи ҳизб ва тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳалҳо тамаркуз намуда, ҳамкориро бо тамоми қишрҳои ҷомеа густариш бахшидем. Ин буд, ки дар баробари сифатнокии сафи аъзо ва ба ҳам овардани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, шахсиятҳои обрӯманди деҳу рустоҳои дурдасти ноҳия Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар татбиқи барномаву ҳадафҳои пешгирифта ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар маҳалҳо нақши пешоҳангӣ доштем. Хусусияти вижаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Носири Хусрав ин сарҷамъиву ба ҳам овардани сокинони касбу кори гуногун ва бонувони хонашину собиқадорони бознишаста буд, ки дар баробари ҷавонон дар корҳои ободониву ташкилу баргузории аксияҳои ҳизбӣ фаъ-олона ширкат меварзиданд.
Ба гуфтаи Сурайё Ализода нуфузу обрӯмандии ҲХДТ дар маҳалҳо ин ҷоннок гардидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва сол аз сол афзудани сафи ҷонибдорони он буд, ки аз шумораи аъзои расмии мо ду баробар зиёд буданд. Ба ин гурӯҳи ташаббускор собиқадорону бонувони хонашин ва дигар сокинони меҳандӯсти рустоҳои дурдаст буданд, ки дар корҳои ҷамъиятиву амалӣ намудани иқдомҳои ободониву кабудизоркунӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дастгирӣ мекарданд.
Аз суҳбат бо бонуи кордону фидокор ва собиқадори обруманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияи сарҳадӣ бармеояд, ки бонувони ин диёри офтобӣ новобаста аз мансабу мақоми худ дар ҷомеа пайвастан ба сафи ҳизбро мояи ифтихору арсаи хизмати содиқона ба халқу Ватани худ дониста, дар ҳама чорабиниҳои оммавӣ ва ҳамоишу аксияҳои роҳандозинамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав фаъолона иштирок менамоянд.
Воқеан ҳам, собиқаи омӯзандаи узви фаъоли ҳизб, бонуи ватандӯст Ализода Сурайё Ҷӯра, ки давоми фаъ-олияти 11-солаи роҳбарии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав миёни доираҳои зиёиёну фарҳангиён маъруфу соҳибэҳтиром гардидааст, барои дастпарваронаш дар ин ҷода ва насли ҷавони ноҳия мактаби муҳими тарбия ба ҳисоб меравад. Айни ҳол ба ҳайси мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав фаъолият дошта, ҳамзамон дар корҳои ҷамъиятӣ ва аксияву ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзад. Тавре, ки Шаҳло Саидмуродова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав иқрор меояд, ҳузури шахсиятҳои обрӯманде монои Сурайё Ализода мояи муаррифии арзандаи ҳизб миёни мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ҷиҳати пайвастан ба сафи ин неруи бузурги ояндасоз арзёбӣ мегардад. Биноан, аъзои фаъоли ҳизб, ки бо фаъолияти содиқонаи хеш дар марҳилаҳои муҳими рушду пешрафт ва муаррифии ҳизб миёни мардум хизмати арзанда намудаанд, номашон дар саҳифаҳои таърихи ҲХДТ дарҷ гардида, ҳамдиёрону ҳаммаслаконаш корномаи пурифтихори онҳоро аз насл ба насл қисса хоҳанд кард.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
«Ҳамрози халқ»