БО ТАШАББУСИ ҲИЗБ ДАР ХУРОСОН НИҲОЛ ШИНОНИДА ШУД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар кардани вазъи экологӣ ва камбудизоркунии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ниҳолони сояфкану ҳамешасабз шинонида шуд.

Ин маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ сурат гирифт, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, кормандони Кумитаи иҷроияи ви-лоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, инчунин волонтёрон низ иштирок карда, гӯшаеро бо ниҳолони сабз рангинтару зеботар гардониданд.
 

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардонидани вазъи экологӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани мамлакат чунин таъкид доштанд: «Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».
 

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо тамоми сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста маъракаҳои ниҳолшинониро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ карда истодаанд. Шинонидани дарахтон ба солимгардонии муҳити экологӣ таъсири мусбат гузошта, иловабар ин, ҳусни кӯчаву хиёбонҳоро афзун карда, ба инсон руҳия мебахшад. Ин навбат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 150 бех ниҳолони сояафкану ороишӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Бохтар шинонида шуд.
 

Нуринисо Подшоҳзода, раиси Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хурсон аз ин ташаббуси неки Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки давоми 3 моҳи ахир дар ҳудуди ин ҷамоат аксияи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад. То ба имрӯз беш аз 12 ҳазор бех ниҳолони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст, ки то мавсими ниҳолшинонӣ чунин аксия идома меёбад.
 

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои сарсабзу хуррамгардонии мамлакат минбаъд низ чунин иқдомҳои неку созандаро идома хоҳад дод.

«Ҳамрози халқ»